• Главная »
  • Вохуриҳо »
  • Вохӯрӣ ва суҳбати Муовини раис ва судяҳои Суди иқтисодии вилояти Хатлон бо кормандони ташкилотҳои гуногун ва сокинони ноҳияи Панҷ дар мавзӯи “Омӯзиши қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба замин”

Вохӯрӣ ва суҳбати Муовини раис ва судяҳои Суди иқтисодии вилояти Хатлон бо кормандони ташкилотҳои гуногун ва сокинони ноҳияи Панҷ дар мавзӯи “Омӯзиши қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба замин”

Санаи 31 марти соли 2020 Муовини раис ва судяҳои Суди иқтисодии вилояти Хатлон дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ бо кормандони ташкилотҳои гуногун ва сокинони ноҳияи Панҷ дар мавзӯи “Омӯзиши қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба замин” вохӯрӣ ва суҳбат гузарониданд. Дар вохӯрӣ ва суҳбати гузаронидашуда Муовини раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон Ҷалилзода Х.Р. ва судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон Давлатзода Т.Ш. вобаста ба мавзӯи мазкур баромад карда, ба саволҳои иштирокчиёни ҷамъомад посухҳои мушаххас доданд.