• Главная »
  • Хабарҳои суд »
  • Дар бинои Ҷамоати деҳоти «Г.Юсупова»-и ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон маҷлиси сайёри судӣ ва вохӯрӣ гузаронида шуд.

Дар бинои Ҷамоати деҳоти «Г.Юсупова»-и ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон маҷлиси сайёри судӣ ва вохӯрӣ гузаронида шуд.

Санаи 14 – уми феврали соли 2020 аз рӯи парвандаи иқтисодӣ бо даъвои Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби «Обшорони Ёвон»-и ноҳияи Ёвон нисбати Хоҷагиҳои деҳқонии «Сорво», «Шерхон», «Қара Абдулло», «Қурбон-1», «Қашқараҳа», «Шолча» ва «Али дору» дар бораи рӯёнидани маблағи истифодаи об, дар Ҷамоати деҳоти “Г.Юсуфова”-и ноҳияи Ёвон маҷлиси сайёри судӣ таъин карда, гузаронида шуд. Ҳамчунин дар мавзӯи шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамчунин омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аз 26 декабри соли 2019 бо намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва Кумитаи идораи замини ноҳияи Ёвон, кормандони ҷамоати деҳоти Чоргул ва “Г.Юсуфова” ва Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби «Обшорони Ёвон»-и ноҳияи Ёвон, аъзоёни Хоҷагиҳои деҳқонии «Сорво», «Шерхон», «Қара Абдулло», «Қурбон-1», «Қашқараҳа», «Шолча» ва «Али дору»-и ноҳияи Ёвон, сокинони ҷамоати деҳоти Чоргул ва “Г.Юсуфова”-и ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон суҳбат ва вохӯрӣ гузаронида, ба саволҳои иштирокчиёни ҷамъомад посухҳои мушаххас доданд.