Мавриди истифода додани хати оби нӯшокӣ дар ноҳияи Спитамен

Санаи 16 ноябри соли 2019 дар арафаи таҷлили  Рӯзи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Хуррамзамини ноҳияи Спитамен хати оби нӯшокӣ мавриди  истифода  қарор дода шуд.

Дар маросими кушодани хати оби нӯшокӣ  Раиси Суди Олии иқтисодӣ Қаландарзода  Мавлуда Сатторӣ, раиси ноҳияи Спитамен Сулаймонзода Акрам, Раисон, судяҳо ва кормандони судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷумла Раис, муовин ва ду нафар судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон, ҳамчунин роҳбарон ва намояндагони  мақомотҳои   ноҳиявию вилоятӣ  сокинони   ҷамоати  деҳоти  Хуррамзамин  ширкат  варзиданд.

Дар оғози кушодашавӣ  Раиси Суди Олии  иқтисодӣ  баромад намуда дар бораи фазои озоди кишвар, ободонию созандагиҳо шароити хуби фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ташаббусҳои беназиру пайгирандаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат

муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  оид ба татбиқи Дасҳсолаи нави байналмилалии амал об барои рушди устувор  солҳои 2018-2028 проблемҳои глобалии таъмини аҳолии сайёра бо оби нӯшокиро  инъикос менамояд, инчунин  «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» суханронӣ карда шуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ин сана барои аҳли бошандагони  ҷамоат рӯзи хотирмон  маҳсуб меёбад, зеро ҷамоати Хуррамзамин аз рӯи маҳалли ҷойгиршавӣ дар шимоли  ноҳияи Спитамен дар наздикии марзи Тоҷикистону Узбекистон  воқеъ буда аз маркази ноҳия тақрибан 25 км дур ва аҳолии он  8 ҳазор нафарро ташкил дода, 1232 хоҷагӣ (оила) зиндагонӣ  менамоянд, ки солҳои  дароз аз норасогии оби нӯшокӣ танқисӣ мекашиданд. Пас аз кушодашавӣ аҳолии  ҷамоати мазкур бо оби  нӯшокии босифат таъмин гардида, мушкилоти пешгирӣ аз паҳншавии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ ҳалли худро меёбад.

Дар ин  рӯз аксари аҳолии ҷамоат ба иншооти навсохт ҳозир шуда  бо шодию фараҳ кушодашавии онро истиқбол намуданд.