Рӯзи 26 январи соли 2021 дар толори кохи «Сомон»-и Маҷмааи меҳмонхонаҳои дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баён гардид, ки роҳбарияти […]
Сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи истиқлолияти давлатӣ имконият дод, ки мақому манзалати зан-модар баланд бардошта шавад. Вобаста ба ин Қонунҳои амалкунандаи аз нигоҳи баробарии гендерӣ, баланд бардоштани ҳуқуқ ва озодиҳои занон, ҷалби васеи онҳо ба раванди татбиқи сиёсати давлатӣ, интихоб, тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои […]
Рӯзи 16 ноябри соли 2020 дар бинои Суди иқтисодии вилояти Хатлон бо иштироки Раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон, муовинони Раис, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди иқтисодии вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид. Чорабинии мазкурро Раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон муҳтарам Хайриддинзода Азизбек оғоз намуда, кормандон ва дар симои онҳо аҳлу […]
«Гарчанде илми ҳуқуқшиносии мамолики Ғарб қонунҳои асосӣ ва қонунҳои ин кишварҳоро ҳамчун манбаи нахустини пайдоиш ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон мешуморад, вале миллати мо низ дар ҳаллу фасли ин масъала дар ҳошияи таърихи башар набудааст. Дар ин бобат ёдовар шудан аз Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, ки зиёда аз дувуним ҳазор сол қабл аз ин […]
Раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон Хайриддинзода А. рӯзи 26 октябри соли 2020 бо кормандони Суди иқтисодии вилояти Хатлон бахшида ба муносибати– Рузи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат карда, қайд кард, ки дар даврони истиқлоли давлатӣ Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри такмил додан ва рушди қонунгузории мурофиавии иқисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, боз ҳам мустаҳкам намудани мустақилияти судяҳо […]
Судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи начандон тӯлонӣ доранд, лекин муносибатҳои молӣ, пулӣ, тиҷоратӣ аз замони пайдоиши моликияти хусусӣ падид омадаву чун шакли мураккабтарини робитаҳои байни аҳли ҷомеа боқӣ мондааст. Сулҳу субот, оромӣ ва фараҳмандии рӯзгор дар ҳама давру замон ба сатҳи риояи меъёрҳои адолат, барасию хулосабарорӣ дар атрофии баҳсҳо миёни шаҳрвандон, соҳибкорони алоҳида, корхонаву муассисаҳо […]
Дар заминаи Эъломияи соҳибихтиёрии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990, 9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон расман Истиқлолияти давлатии худро эълон намуд. Яке аз дастовардҳои бузург ва нодири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аввали солҳои соҳибихтиёрӣ ин қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки рӯзи 6 ноябри соли 1994 бо тариқи райдиҳии умумихалқӣ қабул гардид. Конститутсия-сарчашмаи доимамалкунандаи ҳуқуқӣ […]
Дар таърихи инкишофи ҳар як миллат вақеиятҳое рух медиҳанд, ки онҳо асоси бунёди эъмори давлати миллӣ шуда метавонанд. Ба ҷумлаи ҳамин гуна воқеияти таърихӣ қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994-ро аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ шомил кардан мумкин аст, ки он дар саромади тақдири миллат ва давлатдории миллӣ нақши хосаро бозидааст. Қабули Конститутсия шаҳодати омили бунёдии […]
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” аз 2 августи соли 2011 таҳти №753 санаи 5 октябр ҳамчун рӯзи ид қайд карда шуда, рӯзи корӣ дониста мешавад. Дар шароити нави ҷаҳонишавӣ, ки фарҳангҳо ба ҳам омехта, ҳавзаҳои фарҳангӣ ба ҳам рӯ ба рӯ мешаванд, шинохти ин […]
Агар мо фарқияти Конститутсияи имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Конститутсияҳои даврони шуравӣ муайян кунем, фарқиятҳо хеле зиёданд, лекин мо фарқиятҳои чашмрасашро дида мебароем. Якум, Конститутсияи айни замон амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 бе ягон мувофиқат ё дахолати дигар давлат, мустаъқилона аз тарафи халқ барои шароити имрӯзаи Тоҷикистон мувофиқ ва бо ба назаргирии дурнамои давлат […]